Намози джума чанд ракат аст

Намози джума чанд ракат аст

Пурсиш: №83.

Чаҳор ракаат нафл қабл аз намози Аср ва қабл аз намози Хуфтан.

Посух:

Дар бораи нофила қабл аз намози Аср, дар сунани Тирмизӣ ва сунани Ибни Моҷа аз ҳазрати Алӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) бо санади ҳасан ривоят аст:

كان النبي صلى الله عليه وسلم يصلي قبل العصر أربع ركعات يفصل بينهن بالتسليم على الملائكة المقربين ومن تبعهم من المسلمين والمؤمنين.

«Паёмбар (алайҳис-салом) қабл аз намози Аср чаҳор ракаъат намоз мехонд, ва байни он чаҳор ракаъат ҷудо мекард бо салом гуфтан бар малоикаи муқарраб ва мусалмонону муъминон».

Ва аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят шуда, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуд:

رحم الله امرأ صلى أربعاً قبل العصر

«Аллоҳ раҳмат кунад шахсеро ки қабл аз намози Аср чаҳор ракаъат намоз бигзорад». (ривояти имом Аҳмад ва АбуДовуд).

Ин чаҳор ракаъат намоз, суннати ротибаи намози Аср нест, балки нафли муҷаррад аст. Ва намози Аср суннати ротиба надорад, мисле ки намози Шом ё Хуфтан дорад…

Аммо, дар бораи чаҳор ракаат нафл қабл аз намози Хуфтан (Ъишо) чизе наёмадааст, балки дар умум ҳадис ҳаст, ки Паёмбар мефармояд:

«Байни ду азон намоз аст». — Яъне байни азон ва иқомат.

Ва ин далел аст, ки қабл аз намози Ъишо ду ракаат (хоҳад чаҳор ракаат) намози нафл мутлақан мехонад.

Валокин, дар мавриди чаҳор ракаат баъди Хуфтан, бале ҳадисҳо омадааст, ва мазҳаби имом АбуҲанифа суннати ротибаи баъди Хуфтанро чаҳорто медонад. (Фатҳул-қадир 1/441-449).

Ва дар фазилати ин чаҳор ракаат нафл баъди Хуфтан ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст, ки аксараш заъиф аст. Ва осори зиёде аз саҳоба ва тобиъин омадааст, ки далолат мекунад бар субути ин суннат дар назди салаф.

Валлоҳу аълам.

АбуМарям Раҷабӣ

01.04.2016

.

.

.

.

.

.

.

 

Шабакаҳои иҷтимоъӣ

Понравилось это:

Нравится Загрузка…



Источник: isloh.wordpress.com


Добавить комментарий